LIVE

ИМА дар даври 1/2 ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2019

Дирӯз, 28-уми июн дар кишвари Фаронса бозии даври ¼ ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2019 байни мунтахабҳои бонувони Фаронса ва ИМА баргузор шуд. Набарди тимҳо дар варзишгоҳи сермухлиси «Парк де Пренс» баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди ИМА хотима ёфт. Ҳамин тавр мунтахаби ИМА ба даври ½ ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2019 роҳ ёфт. Амрикоиҳо дар даври мазкур бо мунтахаби Англия рӯ ба рӯ мешаванд. Ёдовар мешавем, ки ИМА қаҳрамони феълии Ҷоми ҷаҳон миёни бонувон ба шумор меравад. Имрӯз боз мо шоҳиди ду иштирокчии даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон хоҳем шуд. Италия - Нидерландия (оғози бозӣ соати 18:00 ТҶ), Олмон - Шветсия (оғози бозӣ соати 21:30 ТҶ).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив