LIVE

Аввалин ғалабаи Тоҷикистон бар Сурия


Голҳои задаи ҳамлагар Комрон Турсунов (46) ва Илҳомҷон Баротов (67) пирӯзии таърихии дастаи миллии моро дар бозӣ бо Сурия таъмин сохт. Ин дидор дар доираи мусобиқаи байналмилалии Ҷоми байниминтақавии қаҳрамонҳо-2019 (Hero Intercontinental Cup 2019) сурат гирифта, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи футболбозони тоҷик ҷамъбаст шуд. Ниммаи аввали бозӣ бидуни гол поён ёфта, дар дақиқаи дуюми қисми дуюми вохӯрӣ Комрон Турсунов аз масофаи 29 метр дарвозаи ҳарифонро рахна карда, ҳисобро боз кард. Баъдан Илҳомҷон Баротов баъди паси Эҳсони Панҷшанбе дубора дарвозаи сурягиҳоро рахна сохт. Бо ин пирӯзӣ дастаи миллии мо дар гуруҳ бо касби 6 имтиёз аввал шуд. Дидори навбатӣ 15-уми июл бо тими Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад. Аз ин пеш футболбозони мо бо Сурия 6 маротиба бозӣ кардаанд. Ҳарчанд ду ғалаба ба нафъи мо ҳаст, аммо он пирӯзӣ баъди хориҷ намудани мунтахаби Сурия аз ҷониби FIFA насиби мо шуд. Ба ҳар сурат метавон гуфт, ки дар 90 дақиқаи вохӯрӣ ин аввалин комёбии футболбозони мо мебошад 


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив