LIVE

«Барселона» беҳтарин будани Мессиро бо сабабҳояш исбот кард

“Барселона” дар сомонаи худ рӯйхатеро нашр кард, ки дар он 17 сабаби   ба ҷоизаи беҳтарин футболбози сол даст ёфтани ҳамлавар ва сарвони даста Лионел Месси номбар карда шудаанд. Барои исботи пешсафии ҳамлавари 32-солаи аргентинӣ бошгоҳи каталонӣ чунин далелҳои зеринро ёдрас кард: 

1. Ғалаба дар чемпионат ва Суперҷоми Испания.
2. Нишонзани беҳтарини Ла Лига.
3. «Кафши тилло» барои муаллифи шумораи бештари голҳо дар Аврупо.
4. Беҳтарин нишонзани Лигаи чемпионҳо.
5. 600 – гол дар «Барселона».
6. Муаллифи шумораи бештари голҳо аз зарбаҳои ҷаримавӣ дар топ-лигаҳои Аврупо.
7. 400 гол дар Ла Лига.
8. Бори шашум дар корномааш дар як мавсим 50 ва зиёда аз он гол задан.
9. Рекорд аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар Ла Лига.
10. Рекорд аз рӯи шумораи ғалабаҳо дар «Барселона».
11. Рекорд аз рӯи шумораи қаҳрамонӣ дар чемпионати Испания.
12. Пешсафи Ла Лига аз рӯи партофтҳои головар.
13. Нишони биринҷии Ҷоми Америка.
14. 11-ум мавсим пайиҳам муаллифи бештар аз 20 гол дар Ла Лига.
15. Муаллифи зиёда аз 50 гол дар Ҷоми Испания.
16. Муаллифи бештар аз 50 хет-трик.
17. Аввалин футболбозе, ки дар 6 финали Ҷоми Испания гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив