LIVE

Месси - беҳтарин футболбози сол бо фарзияи ESPN

Сарвони бошгоҳи “Барселона” ва мунтахаби Аргентина Лео Месси бо фарзияи маҷаллаи амрикоии ESPN беҳтарин футболбози байналмилалӣ эълон шуд. Дар мавсими гузашта, футболбози 32 сола бо 36 голи задааш беҳтарин нишонзан на танҳо дар Ла Лига балки дар топ 5 чемпионатҳои аврупоӣ дониста шуд.   Инчунин аргентинӣ бо 13 партофти головараш дар садри ҷадвали беҳтаринҳои Ла Лига шомил шуд. Дар мавсими 2018/19 Месси қаҳрамони 10 каратаи Испания гардид. Форварди номбурда  инчунин ҷоизаи “Кафши тиллоӣ”-ро соҳиб гардид. Ин ҷоизаро беҳтарин нишонзани чемпионатҳои аврупоӣ соҳиб мешавад. Инчунин Месси бо 12 голи задааш дар Лигаи Чемпионҳои мавсими 2018/19 беҳтарин нишонзани мусобиқаи мазкур эълон шуд. Дар Ҷоми Амрико-2019 Месси бо ҳамроҳии мунтахаби Аргентина зинаи сеюмро соҳиб гардид. Инчунин барои ба даст овардани ҷоизаи мазкур Криштиану Роналду, Килиан Мбаппе ва Вирҷил ван Дейк муддаии асосӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив