LIVE

 Расман: Месси — барандаи ҷоизаи "Кафши тиллоӣ" шуд

Сарвони аргентинии «Барселона» - Лео Месси бо 36 голи задааш беҳтарин нишонзани Лигаҳои аврупоӣ дар мавсими 2018/19 эълон шуд. Месси бо чунин шумораи голҳои задааш маротибаи шашум дар корномаи варзишиаш ҷоизаи “Кафши тиллоӣ”-ро соҳиб шуд. Ҷоизаи мазкурро Месси пеш аз оғози мавсими нав дар як маросими хос соҳиб мешавад. Хотиррасон мекунем, ки Лео Месси аввалин футболбозе дар таърих мебошад, ки ба гирифтани шаш “Кафши тиллоӣ” даст меёбад. Рақиби асосии Месси дар ин пойга ҳамлавари “Ювентус” – Криштиану Роналду мебошад, ки ҳамагӣ чор маротиба ба гирифтани “Кафши тиллоӣ” даст ёфтааст. Инчунин Лео Месси дар солҳои 2010, 2012, 2013, 2017 ва 2018 ҷоизаи “Кафши тиллоӣ”-ро ба хазинаи дастмузаҳояш ворид намуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив