LIVE

Петр Чех беҳтарин хоккейбози моҳ дар Англия

Собиқ дарвозабони «Челси» - Чех муддаии асосӣ барои дарёфти унвони беҳтарин хоккейбози моҳи январ дар Англия маҳсуб мешавад. Собиқ бозигари дастаҳои «Челси» ва «Арсенал» - Петр Чех баъд аз анҷоми фаъолияти касбиаш дар футбол ба хоккей рӯй овард ва феълан дар ҳайати дастаи «Гилфорд Феникс», ки дар дивизиони дуюми  Лигаи хоккей Англия  (NIHL) баромад мекунад. Дастаи Петр Чехи 37 сола дар мусобиқаи мазкур 15 вохӯрӣ гузаронида, дар мақоми аввал қарор дорад.  
Чех корномаи варзишии хешро  баъди анҷоми мавсими солҳои 2018/19 ба анҷом расонид.  Ӯ қаблан дар дастаҳои «Хмел», «Спарта», «Ренн», «Челси» ва «Арсенал» бозӣ кардааст. Бо «Челси» Чех қаҳрамони 4 каратаи Англия, 4 маротиба барандаи Ҷоми кишвар ва се бори дигар Ҷоми лигаи Англияро ба даст овардааст. Ӯ ҳамчунин ғолиби Суперҷоми Англия, Лиги чемпионҳо ва Лиги Аврупо гардидааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив