Дарвозабони «Реал» - Тибо Куртуа унвони беҳтарин футболбози моҳи январро дар Испания моли худ сохт. Дар ин бора сомонаи расмии Ла Лига хабар дод. «Реал» дар моҳи январ бо тимҳои «Хетафе» (3:0), «Севиля» (2:1) ва «Валядолид» (1:0) бозӣ гузаронида, дар ҳамааш ғалаба ба даст овард. Дар ин бозиҳо Тибо Куртуа як гол сар дод. Ҳамчунин шогирдони Зинедин Зидан ба зинаи аввали ҷадвали умумии чемпионати Испания баромаданд.