LIVE

Месси тақдири худро дар «Барса» ҳал кард

Ҳамлагари «Барселона» Лионел Месси қарордоди ҳамкории худро бо бошгоҳи каталонӣ тамдид кард. Дар ин бора Mundo Deportivo иттилоъ дод. Тавре гуфта мешавад, дар шартномаи нав футболбози аргентинӣ то соли 2023 имзо гузошта, боз имкони тамдиди он барои як соли дигар низ мавҷуд аст. Қарордоди қаблӣ то соли 2021 эътибор дошт. Ҳамчунин дар созишномаи нав маоши бозигар баланд бардошта шудааст. 
Месси дар «Барселона» аз соли 2003 бозӣ мекунад. Бо ин бошгоҳ ӯ 10 маротиба чемпиони Испания шудааст. Шаш маротиба барандаи Ҷом ва 8 маротиба Суперҷоми Испания шудааст. Лео ҳамчунин 4 маротиба Лигаи Чемпионҳо, се бори дигар Суперҷоми УЕФА ва Чемпионати ҷаҳон миёни бошгоҳҳоро марбути номи хеш сохтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив