LIVE

«Барса» ба ҷои Суарес ҳамлагари нав харид

Ҳамлагари умедбахши Албания - Рей Манай футболбози «Барселона»  гардид. Дар ин бора сомонаи расмии тими каталонӣ иттилоъ дод. Рей Манай 22 сол дошта, бо «Барса»  то соли 2023 қарордод ба имзо расонидааст ва дар сурати гузаришаш ба дастаи дигар чемпиони Испания арзиши ҳамлагари ҷавонро 50 миллион евро баҳогузорӣ кардааст.  Дар навбати аввал Рей Манай дар ҳайати ҷавонони нилунориҳо баромад мекунад. Дар мавсими ҷорӣ ӯ 11 маротиба дар  дастаи  “Албасете” ба майдон баромад ва 3 гол ба ҳадаф расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив