LIVE

Суарес 4 моҳ футбол бозӣ намекунад

Ҳамлагари уругваии «Барселона» Луис Суаресро аз зонуаш ҷароҳӣ кардаанд.   Дар ин бора сомонаи бошгоҳи каталонӣ иттилоъ додааст. Ба иттилои табибон ҳамакнун ҳуҷумкунандаи “Бараса” накамтар  4 моҳро ба табобату барқароршавӣ сипарӣ мекунад. Ин бори дуюм аст, ки зонуи Луис Суарес ҷароҳӣ карда мешавад, аммо бори аввал талошҳои кормандони соҳаи тиб бе натиҷа буд.  Ҳамлагар ба  ҳайати асосии дастааш моҳи май шомил мешавад.  Дар мавсими ҷорӣ футболбози 32 сола дар 17 бозӣ ба майдон баромада, ба задани 11 гол даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив