LIVE

Ҳамлагари 38 сола «Милан»-ро аз буҳрон наҷот медиҳад

Златан Иброҳимович футболбози «Милан» шуд. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи итолёвӣ хабар дод. Дар доираи шартномаи тарафайн, футболбози маъруфи шведӣ дар 6 моҳ  3 млн евро ба даст хоҳад овард. Ҷонибҳо ба мувофиқа омоданд, ки  то моҳи июни соли 2020 ҳамкорӣ хоҳанд кард ва дар сурати ҳунарнамоии натиҷабахш, Златан Иброҳимович имкон дорад, ки боз ба муҳлати як соли дигар қарордодашро тамдид созад. Ҳамлагари 38 сола аз ташхиси тибӣ гузашта,  ҷонибҳо дар шарнома соядаст гузоштанд. Баъд аз ин маросим, нишасти хабарӣ доир гардид. Златан дар «Милан» аз соли  2010 то 2012 бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив