LIVE

ФАВРӢ: Иброҳимович бо «Милан» қарордод баст

Златан Иброҳимович дубора ба тими итолёвии «Милан» баргашт. Дар доираи шартномае, ки баъд аз ҷанд лаҳза ба имзо хоҳад расонид, футболбози маъруфи шведӣ дар 6 моҳ  3 млн евро ба даст хоҳад овард. Ҷонибҳо ба мувофиқа омоданд, ки  то моҳи июни соли 2020 ҳамкорӣ хоҳанд кард ва дар сурати ҳунарнамоии натиҷабахш, Златан Иброҳимович имкон дорад, ки боз ба муҳлати як соли дигар қарордодашро тамдид созад. Феълан ҳамлагари 38 сола аз ташхиси тибӣ мегузарад ва баъд аз он, ки ин амалиёт ба хуби анҷом ёбад, ҷонибҳо дар шарнома соядаст хоҳанд гузошт. Златан дар «Милан» аз соли  2010 то 2012 бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив