LIVE

Чӣ тавр Иброҳимович аз Матератси баъди 4 сол қасос гирифт?

Ҳамлагари дастаи “Лос-Анҷелес Гэлекси” Златан Иброҳимович дар бораи чӣ гуна аз муҳофизатгари собиқи “Интер” Марко Матератси қасос гирифтанаш нақл кард.
“Соли 2006 вақте дар “Ювентус” будам, мо бо “Интер” бозӣ кардем. Дар ҷараёни бозӣ Матератси чун ҷанговари ҳақиқӣ ба ман дарафтод ва ҷароҳати вазнин расонд. Баъд аз кӯмаки тиббӣ ман ба майдон баргаштам, вале бо гузора шудани 2 дақиқа дарди ҷонкоҳ имкон надод то бозиро идома диҳам. Сипас корномаи варзишиамро дар “Интер”, “Барселона” ва “Милан” идома додам.
Ҳар касе дар майдон бо ман чунин рафтор кунад ман фаромӯш намекунам. Ман мехостам ба майдон баргашта аз ӯ қасос гирам. Дар аввалин дербии мавсими 2010/11 “Милан” бо “Интер” вохӯрд. Матератси қоидаи бозиро нисбати ман вайрон кард. Ман барои ҳамдастаҳоям пеналти кор карда дастаро ба пеш баровардам. Дар ҷараёни қисми дуюм Матератси дар як ҳолат ба ман наздик шуд. Ман бо истифода аз усулҳои тхэквандо ӯро ба беморхона фиристодам. Вақте Деян Станкович пурсид, ки “Чаро ту ин корро кардӣ?” Ман дар ҷавоб гуфтам: “Ман ин ҳолатро 4 сол интизор будам”- иқтибос меорад аз суханҳои ӯ “Football Italia” бо истинод ба “GQ”.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив