LIVE

«Барселона» – «Атлетико»: Кадоме аз ин дастаҳо бо «Реал» дар финал бозӣ мекунад?

Шоми имрӯз бозии дуюми даври нимниҳоии Суперҷоми Испания миёни дастаҳои футболи «Атлетико» ва «Барселона»  сурат мегирад.  Суарес дар ҳолати хуби варзишӣ қарор дорад. Ҳамлагари уругваӣ дар задани 10 голи охири дастаи «Барса» дар  Ла Лига саҳми худро гузоштааст.  Дар ин дидори муҳим дарвозабони рақами як Марк-Андре тер Штеген ширкат нахоҳад кард.  Ҳамчунин ҳамлагари даста Усмон Дембеле низ ба майдон намебарояд. Дар ҳайати «Атлетико» ҳамлагари марказӣ Диего Коста бо илати ҷароҳат доштан майдондорӣ намекунад. "Барселона" ба Арабистони Саудӣ бо мақсади ҳимояи Ҷом омадааст. Соли гузашта каталониҳо дар Марокаш  барои Суперҷоми Испания "Севиля" –ро ишкаст дода буданд. "Барселона" аз ҳама бештар 13 маротиба барандаи Суперҷоми Испания гаштааст, ки он 3 адад аз рақиби азалиаш "Реал" бештар мебошад. Дар сурати ғалаба  бар "Атлетико" мову Шумо шоҳиди боз як Эл Класико хоҳем шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив