LIVE

Модрич ба корномаи варзишиаш хотима мебахшад

Ниммуҳофизатгари хорватии дастаи испании «Реал» - Лука Модрич мақсад дорад, ки ба корномаи варзишии худ хотима бахшад, аммо то ба охири корномаи варзишии худ танҳо дар «Реал» бозӣ кунад. Дар ин бора La Gazzetta dello Sport иттилоъ дод. 
Қарордоди футболбози 34 сола то соли 2021 эътибор дорад.
«Ман бовар дорам, ки боз ду соли дигар дар сатҳи баланд футбол бозӣ карда метавонам. Хоҳиш дорам, ки ба фаъолияти худ дар дастаи “Реал” хотима бахшам, аммо ин аз роҳбарияти клуб вобаста аст», - гуфтааст дорандаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2018.
Модрич ба «Реал» аз «Тоттенхэм» соли 2012 гузариш кард. Бо тими испанӣ ӯ чемпиони Ла Лига ва барандаи Ҷом ва се маротибаи дигар Суперҷоми Испания шудааст. Фктболбози мазкур 4 маротибаи дигар ғолиби Лигаи чемпионҳо ва  Чемпионати ҷаҳон байни клубҳои футбол гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив