LIVE

Як футболбози хорватӣ дигареро дар "Реал" иваз мекунад

Ниммуҳофизатгари хорватии бошгоҳи ССКА - Никола Влашич имкон дорад, ки корномаи хешро дар “Реал” идома диҳад. Ба иттиллои defensacentral.com роҳбарияти “Реал” бозигари 22 соларо ҳамчун ҷойгузини Лука Модрич дидан мехоҳад. Мадридиҳо бо тавсияи худи Лука Модрич хостори ба даст овардани Никола Влашич шуданд.
Шартномаи Влашич бо дастаи ССКА то тобистони соли 2024 эътибор дорад. Дар мавсими ҷорӣ футболбози тими миллии Хорватия 30 бозӣ доир намуда, ба задани 8 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив