LIVE

Модрич: “Роналду беэҳтиромӣ кард”

Модрич гуфт: “Роналду беэҳтиромӣ кард”
Барандаи “Тӯби тиллоӣ” дар соли 2018 Лука Модрич  ширкат накардани футболбози “Ювентус” - Криштиану Роналдуро дар маросими ҷоизасупорӣ беэҳтиромӣ маънидод кард. “Ман ифтихор мекунам, ки дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок намудам ва ҷоизаро ба Леонел Месси, ки воқеан ҳам арзанда буд, тақдим кардам. Фикр мекунам, ки анъанаи тақдими “Тӯби тиллоӣ” аз дасти барандаи собиқ ба ғолиб иқдоми хуб аст. Агар дар бораи ҳузур надоштани Роналду дар чорабинӣ ҳарф занем, пас новобаста аз он ки ту баранда мешавӣ ё не?, бояд дар чорабинӣ иштирок намоӣ. Зеро футбол ин худ эҳтиромгузорист ва маросими тақдими “Тӯби тиллоӣ” ҷашни футболбозон аст”, гуфтааст ниммуҳофизатгари “Реал Мадрид” - Лука Модрич.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив