Ниммуҳофизатгари белгиягии бошгоҳи футболи «Реал» - Эден Азар иқрор омадааст, ки бояд имсол ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро ягон футболбоз аз “Ливерпул” соҳиб шавад. Белгиягӣ қайд кард, ки Вирҷил ван Дейк, Садио Мане ё Муҳаммад Салоҳ соҳиби “Тӯби тиллоӣ” гарданд .
- Ман ҷоизаро ба ягон футболбози “Ливерпул” тақдим мекунам. Вирҷил ван Дейк, Садио Мане ё Муҳаммад Салоҳ сазовори ин ҷоиза мебошанд. Агар Садио Мане дар Ҷоми Лигаи миллатҳои Африқо пирӯз мешуд онгоҳ мо дигар сухан намегуфтем. Ё Салоҳ пирӯз мешуд, ӯ рафиқи ман аст. Ин барои футболбозони африқоӣ ва англисӣ хеле хуб аст, - гуфт Азар.
Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупории беҳтарин футболбози сол санаи 2-юми декабр баргузор мешавад.