LIVE

Исми 30 футболбози довталаб ба Тӯби тиллоӣ муайян шуд (РАСМҲО)

Нашрияи машҳури France football 30 мудаъии аслиро барои ба даст овардани ыоизаи Тӯби тиллоӣ муайян кард. Дар панҷгонаи аввал Садио Мане (Ливерпул, Сенегал), Серхио Агуэро (МС, Аргентина), Френки де Йонг (Аякс/Барселона, Ҳоланд), Уго Лорис (Тоттенҳэм, Фаронса), Душан Тадич (Аякс, Сербия)Дар панҷгонаи дуюм Трент Александр Арнолд (Ливерпул, Англия), Клиан Мбапе (ПСЖ, Фаронса), Дони ван де Бэк (Аякс, Ҳолланд), Пер Эмерик Обамеянг (Арсенал, Габон), Марк Андре тер Штеген (Барселона, Олмон)

 Дар панҷгонаи сеюм Кристиан Роналду (Ювентус, Португалия), Алисон Бекер, (Ливерпул, Бразилия), Матиас де Лигт (Аякс/Ювентус, Ҳоланд), Карим Бензема (Реал, Фаронса), Жординио Вейналдул (Ливерпул, Ҳолланд)

 Дар панҷгонаи чаҳорум, Вирҷил ван Дейк (Ливерпул, Ҳолланд), Бернарду Силва (МС, Португалия), Сон Хин Мин (Тоттенҳэм, Кореяи Ҷанубӣ), Роберт Левандовский (Бавария, Полша), Роберто Фирминио (Ливерпул, Бразилия) 

Дар панҷгонаи панҷум Лионел Месси (Барселона, Аргентина), Рияд Маҳрез (МС, Алҷазоир), Кевин де Брюйне (МС, Белгия), Калиду Кулибали (Наполи, Сенегал), Антуан Гризман (Атлетико/Барселона, Фаронса)


Ва ниҳоят дар панҷгонаи шашум Муҳаммад Салоҳ (Ливерпул, Миср), Эден Азар (Челси/Реал, Белгия), Маркиниос (ПСЖ, Бразилия), Раҳим Стерлинг (МС, Англия), Жоау Фелиш (Бенфика/Атлетико, Португалия). 

Исми беҳтарин бозингари сол санаи 2-юми декабр дар маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Парижи Фаронса маълум мегардад. Соли гузашта ин ҷоиза насиби ниммуҳофизатгари дастаи "Реал" Лука Модрич шуда буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив