LIVE

Магар, ки Модрич аз Мадрид мекӯчад?

Нимҳимоятгари Реали Мадрид Лука Модрич боз дар хусуси гузариши хеш ба Серияи Ахитоб кард.  “Ба ман Италиямаъқул аст. Ман аз Серияи А пайгирӣ мекунам,чаро ки бештари ҳамсафони ман дар тими миллӣ бозӣ мекунанд. Итолиявиҳо одамони фантастикиянд. Италия дар наздикии Хорватия қарор дорад,аз ин рӯ одамон тафаккури ба ҳам монандро доранд. Мебинем,ки оё ман метавонам боре дар Италия бозӣ кунам. Айнан ҳол дар ин маврид гуфта наметавонам,чаро ки ман бозингари “Реал”-и Мадрид ҳастам. Айни ҳол ман ояндаи худро бо Мадрид пайванд мекунам”. 
Ба мо фавран таърихи Лукаку ба ёд меояд,нафаре ки дар масири мусоҳибаҳои худ аз мафтуншавии хеш ба Серияи Анишон медод, баъдан ба Интер гузашт. Аммо он даврон аз гузариши ӯ касе намедонист. Суханҳои Модрич ҳам бештарашон ба нерадзурри пайванданд. Аз ин рӯ истисно нест,ки ӯ ҳамдастаи Лукаку мешавад. Ба ёд меорем,ки шартномаи ин хорватӣ тобистони соли оянда ба анҷом мерасад ва Модрич ба тамдидкунии онро шитоб намекунад. Ба ҳар ҳол бояд гуфт,ки дар ҳамин сол Лука ҳатто баҳри Туби тиллоӣ ҳам номнавис нашуда буд.  Аммо футболбоз бо ҷоизаи дигар худро ором намуд бо Голден Фут,ки барои футболбозони болотар аз 29 сола баҳри рушди футбол дода мешавад. Албатта пас аз туби тилло ин ҷоиза таъсирбахш буда наметавонад,вале ба ҳар ҳол ҷоизаи арзишманд аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив