LIVE

“Манчестер Сити” футболбози нав харид

“Манчестер Сити” ҳимоятгари «Наполи» - Калиду Кулибалиро ба Англия меорад.  Дар ин бора ВАО-и Италия навиштаанд. Даста бо худи футболбоз дар мавриди бастани шарномаи 5 сола ба мувофиқа расид. Тибқи иттилои манбаъ, “Манчестер Сити” барои бозингар 70 миллион евро ва инчунин иловапулиҳо пешниҳод кардааст.  "Наполи" мехоҳад барои бозингари худ 80 миллион евро ба даст орад.  Музокирот байни клубҳо идома дорад. Хабар дода мешавад, ки Кулибали бо бошгоҳи инглисӣ қарордодро то соли 2025 бо маоши 10 миллион евро дар як сол маслиҳат кардааст. 
Калиду аз соли 2014 инҷониб дар “Наполи” бозӣ мекунад. Дар мавсими 2019/2020, ҳимоятгар дар 25 бозии Серияи А ширкат варзид. Дастаи шаҳри Неапол дар зинаи ҳафтум қарор гирифт, ки давоми солҳои охир бори аввал  ба Лигаи Чемпионҳо роҳ наёфт

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив