LIVE

"Ман Сити" аз "Бавария" барои Сане 50 млн талаб кард

Бошгоҳи “Бавария” бо ҳамлагари тими “Манчестер Сити” - Лерой Сане дар мавриди қарордоди 5 сола ба мувоффиқа расид. Худи футболбоз низ барои гузаштан ба дастаи мюнхенӣ ҳавасманд буд, новобаста аз он, ки ду тими дигари Англия хоҳиши бастани шартномаро бо Сане доштанд. Ҷониби “Манчестер Сити” бошад, аз ҳамтоёни миюнхении худ барои ин ҳамлагар 50 млн евро талаб кардааст. “Бавария”  дар замони буҳронӣ чунин балағ пардохт кардан намехоҳад ва барои Сане 40 млн пешниҳод кардааст. Қарордоди кунунии футболбози олмонӣ бо  “Манчестер Сити” то моҳи июни соли 2021 эътибор дорад.  Лерой Сане моҳи августи соли 2016 бо маблағи 55 миллион евро аз “Шалке” ба “Манчестер Сити” гузариш намуда буд, аммо баъд аз ҷароҳати сахти бардоштааш, мавқеъашро дар ҳайати “шаҳриҳо” аз даст дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив