LIVE

«Реал» Хамесро бо муҳофизатгари сенегалӣ иваз мекунад

«Реал» Мадрид омодааст то ниммуҳофизатгари худ Хамес Родригесро бо муҳофизатгари дастаи итолёвии «Наполи» Калиду Кулибали иваз кунад. Дар ин бора El Desmarque навиштааст.  Ба ин дифогар ҳамчунин сармураббии дастаи «Манчестер Сити» Хосеп Гвардиола  мароқ зоҳир намуда, барои ӯ  110 млн € пешниҳод кард, аммо «Наполи» ба ин гузариш  розигии худро надод. Ин кори дастаи мадридиро осон намуд ва Зидан хоҳиш дорад, ки дастааш бо Кулибали  Қарордод бандад.  Президенти  клуб Флорентино Перес барои ноил гаштан ба мақсади хеш, ба дастаи «Наполи» Хамеса Родригесро пешниҳод кардааст, ки худи клуби итолёвӣ солҳо боз ба ин футболбози колумбиягӣ таваҷҷуҳ дорад.  «Реал»   ба зами Хамес боз 70 млн € -и дигар бардохт хоҳад кард. Кулибали бошад, гуфтааст, ки агар «Наполи» дар Лигу чемпионҳо ширкат накунад, дигар дар даста бозӣ нахоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив