LIVE

Рафтани Лерой Сане аз "Ман Сити" дақиқ шуд

Бошгоҳи “Бавария” бо ҳамлагари тими “Манчестер Сити” - Лерой Сане дар мавриди қарордоди 5 сола ба мувоффиқа расид. Худи футболбоз низ барои гузаштан ба дастаи мюнхенӣ ҳавасманд буд, новобаста аз он, ки ду тими дигари Англия хоҳиши бастани шартномаро бо Сане доштанд. Қарордоди кунунии футболбози олмонӣ бо  “Манчестер Сити” то моҳи июни соли 2021 эътибор дорад. Қаблан директори варзиши “Бавария” - Хасан Салихамиҷич бо намояндаи футболбози мунтахаби Олмон мулоқот намуда, дар бораи ин гузариш гуфтушунид анҷом доданд. Лерой Сане моҳи августи соли 2016 бо маблағи 55 миллион евро аз “Шалке” ба “Манчестер Сити” гузариш намуда буд, аммо баъд аз ҷароҳати сахти бардоштааш, мавқеъашро дар ҳайати “шаҳриҳо” аз даст дод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив