«Арсенал»-и Лондон ба ҳамлагари 23-солаи нигерии «Наполи»-и итолиёвӣ Виктор Осимхен таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад. Дар ин бора рӯзноманигори The Guardian Фредди Пакстон дар Твиттер хабар додааст.
Қайд карда мешавад, ки "тӯфангдорон" аллакай бо намояндагони Осимхен дар бораи интиқоли эҳтимолӣ тамос гирифтаанд. "Наполи" мехоҳад барои ин бозигар беш аз 100 миллион евро ба даст орад. Қаблан “Нюкасл” низ барои Осимхен пешниҳод намуда буд.
Худи Осимхен низ аз имкони бозӣ дар Премйер лига шод аст, аммо ӯ қарор кардааст фаъолияти худро дар “Арсенал” идома диҳад, на дар “Нюкасл”. Аммо дар масъалаи интиқоли ӯ монеа маҳз нархи баланди дархостии “Наполи” аст, ки иҷрои ин интиқолро мушкил мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи сентябри соли 2020 "Наполи" барои ба даста овардани Осимхен ба “Лилл” 75 миллион евро пардохт карда буд. Дар мавсими имсола Виктор дар ҳайати бошгоҳи “Наполи” дар 28 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо ширкат карда, 16 гол ва 5 партофти головар анҷом додааст.
