LIVE

«Барселона» аз Бразилия ҳамлавари нав мехарад

Директори генералӣ ва иҷроияи бошгоҳи «Атлетико Панараэнсе» Александр Маттос ва агенти Витор Рокеи 18-сола Андре Кюри бо мақсади доир намудани гуфтушунидҳо оиди гузариши ҳамлавар ба сафи нилунориҳо дар Барселона қарор доранд. Дар ин бора Ge Globo хабар медиҳад.
Аз рӯи маълумоти сарчашма ҷонибҳо итминон доранд, ки дар гуфтшунидҳо оиди гузариши ҳамлавари  18-сола рӯзҳои наздик ба тавофуқ мерасанд. Шартҳои қарордод ба талаботҳое, ки барои ҳалли масъалаҳои фэйр-плейи молиявӣ заруранд, мувофиқат мекунанд. Ин ҳам имкон медиҳад, ки раванди харидорӣ пурра анҷом дода шавад. 
Пештар иттилоъ дода мешуд, ки Роке бо «Барселона» шартномаи мӯҳлаташ то моҳи июни соли 2028 имзо мекунад ва арзиши гузариш  40 млн евроро ташкил хоҳад дод. Дар Серияи А-и бразилӣ мавсими соли 2023 ҳамлавар 10 бозӣ  бо пироҳани «Атлетико Паранаэнсе» гузаронида, чор голу ду партофти голӣ ба омор гирифтааст. Ҳамчунин ӯ соҳибомори панҷ бозӣ ва як гол дар рақобатҳои феълии Ҷоми Либертадорес мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив