Роҳбарияти «Манчестер Юнайтед» ният дорад бо нимҳимоягари даста Ханнибал Межбри шартномаро тамдид намояд. Дар ин бора журналист Фабрисио Романо дар «твиттер»-и хеш хабар медиҳад.
Тибқи иттилоъи сарчашма оиди тамдидкунии шартнома миёни роҳбарони «девони сурх» ва намояндагони футболбози 20-сола фурсатҳои наздик гуфтушунидҳо оғоз меёбанд.
Қайд карда мешавад, ки нисбати нимҳимоягари ҷавон ҳамчунин «Севиля» иштиёқманд буда, дар равзанаи трансферӣ чандин талошҳои харидории бозигарро ба кор бурда буд.
Мавсими ҷорӣ Межбри дар сафи «Манчестер Юнайтед» се бозӣ гузаронида, ҳеҷ голе назадааст. Шартномаи бозигар бо манкунианиҳо то моҳи июни соли 2024 мӯҳлат дорад. Арзишии тахминии футболбоз бино ба фарзияи сомонаи Transfermarkt 8 млн евро мебошад.
Пештар хабар дода мешуд, ки ба «Рома» метавонад аз «Манчестер Юнайтед» Ҷейдон Санчо гузариш анҷом диҳад.