LIVE

«Бавария» нисбати дифоъгари асосии «Барселона» чашм дӯхтааст

«Бавария» нисбати дифоъгари уругвайии «Барселона» Роналд Араухо тавваҷҷӯҳ зоҳир кардааст, иттилоъ медиҳад журналист Флориан Плеттенберг дар шабакаи иҷтимоии X (пештар Twitter).
Тибқи иттилоъи сарчашма нисбати харидории Араухо шахсан сармураббии «Бавария» Томас Тухел иштиёқманд аст. Бо вуҷуди ин худи «Барселона» мехоҳад бозигарро дар ҳайати хеш ҳифз намояд.
Ёдовар мешавем, ки Араухо дар сафи «Барселона» аз соли 2020 баромад намуда, мӯҳлати қарордодаш то соли 2026 мебошад. Мавсими ҷорӣ футболбоз дар  11 бозии ҳамаи мусобиқа ба майдон омада, дар ҳисобаш як гол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив