LIVE

Килиан Мбаппе гуфт, ки бо анҷоми мавсим чӣ қарор мебарорад

Ҳамлавари «Пари Сен-Жермен» Килиан Мбаппе ояндаи хешро дар тими фаронсавӣ муайян кард. 
Чӣ тавре журналист Абдулло Булма дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, ҳамлавар бо  «ПСЖ» шартномаро тамдид намекунад ва тобистон дастаро тарк мекунад.
Ёдовар мешавем, ки пештар дар ВАО хабаре баромад, ки Мбаппе аз шартҳои гузошташудаи роҳбарияти тими   «Реал» норозӣ аст. Мутобиқи он ҳамлавари фаронсавӣ бояд  то охири моҳи январ иттилоъ диҳад, ки бо тими испанӣ шартнома имзо мекунад ё на. Дар сурати баръакс  гузариш амалӣ намешавад. 
Мавсими ҷорӣ бозигари фаронсавӣ «ПСЖ» 25 бозӣ дар ҳамаи мусобиқа гузаронида, бо 26 голу чор партофти голӣ аз майдон берун шудааст. Тибқи фарзияи Transfermarkt арзиши бозории Мбаппе 180 млн евро буда, шартнома бо «ПСЖ» 30-юми июни соли 2024 анҷом меёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив