LIVE

Нархи фурӯши Мбаппе аз ҷониби «ПСЖ» муайян карда шуд

Ҳамлавари фаронсавӣ Килиан Мбаппе метавонад   «ПСЖ»-ро дар равзанаи тобистонаи трансферӣ ба фурӯш барорад.
Чӣ тавре Le Parisien иттилоъ медиҳад роҳбарияти дастаи парижӣ арзишеро муайян кард, ки бар ивази он метавонад ҳамлавари хешро фурӯшад. Арзиши минималии бозигари   24-сола – € 200 млн евро мебошад.
Қайд карда мешавад, ки бошгоҳи фаронсавӣ мехоҳад нишондоди рекордии трансферии Неймарро (222 млн евро) бо фурӯши Мбаппе нав кунад.
Ёдрас мекунем, ки Мбаппе аз нуқтаи тамдидшавии худкори шартнома бо «ПСЖ» дар мавсими-2024/2025 даст кашид ва тобистони соли 2024 метавонад футболбози озод шавад. Тибқи маълумоти ВАО ҳамлавар мехоҳад, ки аллакай дар ҳамин равзанаи тобистонаи трансферӣ ба «Реал» гузариш анҷом диҳад. Худи Мбаппе бошад тасдиқ мекунад, ки мавсими навро дар  «ПСЖ» мегузаронад.
Дар мавсими сипаришуда ҳамлавари  24-сола дар 34 бозиҳои «ПСЖ» дар чемпионати Фаронса ширкат варзида, 29 голу панҷ партофти голӣ ба омор гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив