Ҳамлавари «ПСЖ» Килиан Мбаппе дар равзанаи тобистонаи трансферӣ ба сафи «Реал» гузариш намекунад. Ӯ дар миёнамавсим шомили нақшаҳои «галактикос» барои пурқувваткунии ҳайат нашудааст. Дар ин бора Marca хабар медиҳад.
Аз рӯи маълумоти сарчашма бошгоҳи испанӣ истисно намекунал, ки бо бозигари 24-сола дар моҳи январи соли 2024— то мӯҳлати ним сол мондан ба анҷоми мӯҳлати шартномааш бо «ПСЖ» шартномаи пешакӣ имзо намояд.
Мбаппе тобистони соли 2017 бозигари «ПСЖ» гардида буд. Дар мавсими сипаришуда ҳамлавари фаронсавӣ дар 43 бозӣ 41 голу 10 партофти голӣ ба омор гирифтааст. Ба тими шоҳона бошад Мбаппе дар соли 2022 наздик буд, ки чун футболбози озод гузариш кунад, аммо қарор кард бо «ПСЖ» тамдиди шартнома намояд.