Ҳамлавари «ПСЖ» Килиан Мбаппе дар Бозиҳои олимпии соли 2024 ширкат мекунад.
Чӣ тавре L'Équipe хабар медиҳад, шомили мунтахаби олимпии Фаронса ҳадди аққал се бозигари ҳайати асосӣ мешаванд ва дар миёни онҳо дақиқан Мбаппе ҷой мегирад. Қайд карда мешавад, ки ҳамлавари фаронсавӣ орзӯи пирӯзӣ дар Бозиҳои Олимпиро дорад. Дар сафи мунтахаби Фаронса ҳамчунин дарвозабони «Тоттенҳэм» Уго Лйорис ва дифоъгари «Манчестер Юнайтед» Рафаэл Варан шомил мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки соли 2024 Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Париж доир мешаванд.
Пештар хабаре расид, ки ҳамлавари фаронсавӣ ба «ПСЖ» мактуби расмӣ ирсол намуда, дар он иттилоъ додааст, ки бо вуҷуди ҳеҷ ҳолате шартномаро бо парижиҳо то соли 2025 тамдид нахоҳад кард. Мбаппе мехоҳад дар равзанаи тобистонаи трансферӣ сафи «ПСЖ»-ро тарк намояд. Қарордоди кории бозигар бо бошгоҳи феълияш бошад то соли 2024 мӯҳлат дорад.
Дар мавсими қаблӣ Мбаппе 43 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронида, 41 голу 10 ассист дар номаш дорад.