LIVE

Килиан Мбаппе бо "ПСЖ" шартномаашро тамдид намекунад

Агент ва модари ҳамлавари фаронсавии бошгоҳи “ПСЖ” - Килиан Мбаппе роҳбарияти дастаи “Реал”-ро ҳушдор намудааст, ки писари ӯ бо “ПСЖ” қарордоди ҳамкориашро идома намедиҳад ва хоҳиши гузариш ба “Реал”-ро дорад. Дар ин бора пойгоҳи хабарии Sport.es. мавзуъ омода намудааст.
Ба маълумоти сарчашма, модари Мбаппе, ки агенти ӯ ба ҳисоб меравад, бо ҳамроҳи падараш оиди гузариши писарашон бо роҳбарони “Реал” гуфтушунид намудаанд. Мбаппе дар он сурат футболбози “Реал” мешавад, ки “гаразмониҳо” ба хазинаи “ПСЖ” 400 млн евро пардохт намоянд.
Шартномаи Килиан Мбаппе бо дастаи “ПСЖ” то тобистони соли 2020 амал мекунад. Дар мавсими ҷории Чемпионати Фаронса футболбоз 7 бозӣ доир намуда, ба задани 5 гол ва 3 партофти натиҷаовар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив