LIVE

Сафи муддаиёни Мбаппе афзуд

Барои ба ҳайати худ шомил намудани Мбаппе, бошгоҳҳои бузурги дигар ба ҷуз «Реал Мадрид», чун «Барселона», “Манчестер Сити”, “Ювентус” ва «Ливерпул» талош карданианд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои хабарии аврупоӣ, барои ба даст овардани ин футболбози ҷавони фаронсавӣ, ки дар ҳайати дастаи «ПСЖ» - и Фаронса бозӣ мекунад, бошгоҳи каталонии «Барселона» тасмим гирифтааст, ки дар равзанаи гузариши трансферии тобистони соли оянда, ӯро дар ҳайати худ шомил намояд. Тибқи иттилои пойгоҳи хабарии Goal24, роҳбарияти “Барселона” омода аст, барои ба даст овардани ин футболбози 20 сола, то 300 миллион евро ҷудо намояд. Дар сурати рақобат барои ба даст овардани ӯ, аз тарафи бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” ва ё “Манчестер Сити”, ки аз талабгорони асосии ба даст овардани ӯ мебошанд, бошгоҳи каталонӣ омода аст, то барои ба даст овардани ин футболбоз, то 400 миллион евро пардозад. Аммо роҳбарияти бошгоҳи фаронсавии “ПСЖ” ӯро ба дигар даста додан намехоҳанд ва барои нигоҳ доштани ӯ, қарордодашро бо маблағи рекордӣ имзо намуданианд. Тибқи ин қарордод, ӯ низ дар баробари Неймар маош хоҳад гирифт, ки наздики 40 миллион евроро дар як сол ташкил медиҳад. 

Тибқи хабаргузории El Desmarque бошад, роҳбарияти бошгоҳи англисии “Ливерпул” низ ба ин футболбози 20 солаи фаронсавӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Тибқи иттилои ин нашрия, барои “мерсисайдҳо” пардохти маблағи баланд барои Мбаппе мушкил нест, чун онҳо дар равзанаи гузариши тобистонаи имсол, он қадар маблағ ҳам барои хариди футболбозон сарф накардаанд.

Дар назар аст, ки Мбаппе “ПСЖ”- ро баъди анҷоми мавсими 2019/20 тарк карданист, аммо чуноне гуфтем, парижиҳо бо ҳар қимате ҳам набошад, ӯро нигоҳ доштан мехоҳанд.

Дар мавсими имсола, Килиан дар 11 бозӣ, 9 гол ва 4 партоби головарро анҷом додааст.

Муаллиф: Раҳимов Орзу

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив