LIVE

Пешниҳоди маблағи ҳангуфти "ашрофзодаҳо" ба Неймар

Тибқи хабаргузории маҷалаи “EI Desmerque”   бошгоҳи “Челси” тасмим гирифтааст, ки ҳамлагари “Пари Сен-Жермен”  Неймарро тобистони оянда харидорӣ намояд. Ба хабаргузории манбаъ роҳбарияти “Челси” барои бозигари бразилӣ пешниҳоди маблағе мекунанд, ки аз пешниҳоди дигар дастаҳо, ки хоҳиши харидории ин футболбозро доранд фарқ мекунад. Бошгоҳи “Челси” омодааст, ки барои харидории ин ҳамлагар    300 млн евро  сарф намояд. “Челси” мехоҳад, ки ба Неймар 42 млн евро дар як сол маош пардохт намояд, ки дар ҷаҳони  футбол бе собиқа унвон мешавад. Ёдовар мешавем, ки дар равзанаи гузариши тобистона Неймар аз омода будани иваз намудани бошгоҳи худ хабар дода буд. Муддаиёни асосӣ барои харидорӣ намудани ин ҳамлагар дастаҳои “Барселона”, “Реал мадрид” ва “Ювентус” баҳисоб мерафтанд вале ягонтаи аз онҳо орзуи худро амалӣ карда натавонистанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив