LIVE

“Реал” ҳамватани Неймарро қурбони харидорияш менамояд

Ҷониби мадридӣ ҳоло ҳам баҳри ба даст овардани Неймари бразилӣ талошҳояшро  идома дода,ин навбат ба “ПСЖ” пешниҳод намудааст,ки дар сурати анҷомёбии муваффақи бозингари мумтози бразилӣ ба Мадрид нимҳимоятгари феълияш Каземироро ба Париж гусел менамояд.
Роҳбарияти “бланкос” нақша гирифтааст,ки бо воридкунии Каземиро ба ин трансфер арзиши эҳтимолии Неймарро камтар намояд. Директори варзишии “ПСЖ” Леонардо ҳам айни замон дар андешаи мустаҳкам намунаи хати нимҳимоя аст,ки албатта ин омил эҳтимолияти амалишавии трансфери  Неймарро ба “Реал” бештар менамояд-хабар медиҳад Marca.
Ёдрас мешавем, ки Неймар тобистони соли 2017 ба ПСЖ гузариш намуда, “Барселона” аз барои трансфераш 222 миллион евро ба даст оварда буд. Дар давоми ду соли буду боши Ней дар Париж чандинбораҳо хабарҳо дар мавриди изҳори баргаштани ин бозингар ба Каталония ва хоҳиши бозӣ намуданаш дар сафи “нилунориҳо” паҳн шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив