LIVE

Паулу Фонсека пешвои “Шахтёр”-ро ба “Рома” бурданист

Паулу Фонсека ҳангоми шарҳи  гузариши хеш ба “Рома” иброз намудааст,ки мехоҳад се-чор бозингари Шахтёр”-ро дар ҳайати нави “Рома” бубинад.
Мутобиқи иттилоъи рӯзномаи маъруфи итолиявии Corriere dello Sport байни муҳимтарин гузаришҳои эҳтимолии дар нақша гузошташуда аз тими укранӣ ин пешвои “кӯҳканҳо” Исмаили мебошад. Аммо трансфери ин бразилӣ ба бошгоҳи пойтахти кишвари Италия сермушкил арзёбӣ шудааст,чаро  ки “Шахтёр” аз фурӯши футболбозаш 20 миллион евро фоида ба даст оварданист ва  худи “Рома” бошад танҳо омода аст,ки 15 миллион евро пардохт намояд. 
Қобили қайд аст,ки дар шартномаи Исмаили нуқтае дарҷ шудааст,ки бояд баҳри харидорияш 100 миллион евро қурбон намуд,вале “Рома” ҷоннок намудани ин нуқтаи шартномаро дар нақша нагирифтааст. Бояд илова намуд, ки дар мавсими сипаришуда Исмаили дар ҳайати “Шахтёр” 39 маротиб дар ҳамаи мусобиқаҳо ба майдон омада, ду гол вориди дарвозаи ҳарифон намудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив