LIVE

"Реал" се футболбозашро бо Неймар иваз мекунад

Бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” 100 млн евро ва се футболбоз Кейлор Навас, Гарет Бэйл ва Хамес Родригесро барои харидории Неймар ба “ПСЖ” пешниҳод кард. Ин пешниҳодро соҳибмулкони “ПСЖ” рад намуданд ва онҳо гуфтанд, ки Неймарро бо чунин бозигарон иваз нахоҳад кард. Неймар 27 сола оғози тобистон ба роҳбарияти бошгоҳи парижӣ гуфта буд, ки дигар хоҳиши бо пероҳани “ПСЖ” бозӣ карданро надорад ва мехоҳад, ки харчӣ зудтар Парижро тарк кунад.  Пешниҳодҳо аз ҷониби бошгоҳҳои “Реал”, “Ювентус”, “Манчестер Сити”, Манчестер Юнайтед”, “Бавария” ва “Барселона” барои харидории Неймар ҳаст, аммо худи футболбози бразилӣ танҳо ба “Барселона” баргаштан мехоҳад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив