LIVE

"Ювентус" нақшаи "Реал" ва "Барселона"-ро вайрон мекунад

Ҳамлавари бразилии бошгоҳи “ПСЖ” – Неймар шояд корномаи варзишияшро дар “Ювентус” идома диҳад. Бино ба маълумоти ВАО дастаи туринӣ омода аст, ки ба Неймар дар як сол 37 млн евро маош диҳад. Бояд гуфт, ки Неймар дар “ПСЖ” дар як сол 37 млн ба даст меорад. Ёдовар мешавем, ки директори варзишии “Ювентус” барои гуфтушунид ба Париж сафар намудааст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Ювентус” мехоҳад, ки Пауло Дибала ва 100 млн евроро қурбони Неймар кунад. Хотиррасон мекунем, ки бошгоҳҳои “Барселона” ва “Реал” низ муддаиёни асосӣ барои соҳиб шудани Неймар ба ҳисоб мераванд. Бояд қайд кард, ки худи Неймар танҳо ба “Барселона” баргаштан мехоҳад. Дар мавсими гузашта Немар 28 бозӣ анҷом дода, ба задани 23 гол ва 13 паси головар даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив