LIVE

Мбаппе бо арзиши рекордӣ харидорӣ карда мешавад

Сабқатҳо барои азхудкунии Мбаппе марҳила ба марҳила тезтар мегардад. ВАО-и франсавӣ бахусус “Ле Паризиен” менависад,ки “Реал”-и Мадрид омода аст,ки барои Килиан таваҷҷуҳ 400 миллион евро пардохтнамояд. Инҷо метавон гуфт,ки “Бланкос” дигар аз интизорӣ ба зиракиҳо дар мавриди ин трансфер тамоман безор шудааст ва хостанд ки рӯирост ба савдо бароянд ва гармии  шавқи "ПСЖ"- тариқи пул хомуш кунанд. Гуфта мешавад,ки дилхоҳ чиз арзиши худро дорад.  Ҳамчунин дар расонаҳои фаронсавӣ хабаре паҳн шуд,ки тибқи он гуё бошгоҳи парижӣ тамдидкунии шартномаи арзишманд бо Мбапперо дар радифиНеймар барояш иҷоза дода наметавонад. Ин далелиасосии боз доштанифаронсавӣ дар Париж ба ҳисоб рафта буд.   Сарчашмаҳои дигар масалан “ИЕСПИЕН” менависад,ки ПСЖ аллакай ба ҷустуҷуи ивазкунандаи Мбаппе баромадааст. Ва аҷиб нест,ки ин нафар айнан дар худи Мадрид ёфт шудааст. Айнан пас аз фурухтани Мбаппе парижиҳо хостори онанд,ки қисме аз иртиботи трансферии Мбаппе Винисиус Жуниор бигардад. Ба таври умум бигӯем ин қисса ҳамоно печидаву печидатар мешавад. Вале суол ин аст,ки чӣ тавр баъдан Реал метавонад ин 400 миллионро  бо маблағи даромадҳо баробар кунад,то зери таҳримотҳо намонад. Чӣ тавр “Бланкос” метавонад шартномаи Мбапперо харидорӣ намояд, замоне,ки ҳатто ПСЖ ҳам онро тамдид карда наметавонад. Дар ҳоле,ки пас аз омадани Мбаппе ба “Реал” шумораи ҳамлаварони мадридӣ боз ҳам зиёдтар мешавад.   Суолҳодар ин маврид зиёданд ва   итминон дорем,ки ба чанде аз онҳо мо дар трансфери зимистона посух хоҳем гирифт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив