LIVE

Гризманнро тақдири талхи Коутинйо интизор аст

Нашрияи хабарии Спорт.ес бо сарлавҳаи ниҳоят ҷолиб руи чоп баромад. Пари сен Жермен омода аст,ки Антуан Гризманнро аз Барселона харидорӣ намояд. Агар ин бозингардастаи феълияшротарк намояд аз ҷониби парижиҳо чун ивазкунандаи Мбаппе дониста мешавад. Ёдрас мекунем,ки ба хизматрасониҳои Киллиан Реал Мадрид хусусан мураббияшон Зинедин Зидан иштиёқманд аст. Нафаре,ки вақтҳои ахир танҳо дар бораи Мбаппе мегуяд ва бо ҳамин хашму ғазаби директори варзишии ПСЖ Леонардоро боло мекунад.  Бо вуҷуди сарчашмаҳои наздик ба бошгоҳи парижӣ метавон гуфт,ки нақшаи дурандешонаи гранди фаронсавӣ боздоштани Мбаппе буда, Антуан танҳо чун нақшаи эҳтиётӣ дониста мешавад. Чунин овозаҳо дар маврид Гризманн замоне пайдо мешаванд,ки гапҳо дар бораи муносибатҳои на он қадар дурусти ӯбоМесси паҳн шуда буд. Муносибати онҳо то ҳол норушан аст. Замоне Месси дар бозӣ ба Антуан аз партофткуниҳо худдорӣ мекунаду як замони дигар бошад пас аз бозӣ дар утоқи либосивазкунӣ фаронсавиро ба оғуш мекашад. Инҷо метавон азояндаи футболбози дигаре низ,ки ҳеҷ натавонист дар Барселона худро биёбад мисол орем. Ин Коутинйо аст. Албатта сабабҳои рафтани ӯ дигар буданд,аммо бар замми ин мо метавонем ҳадс занем,ки бошгоҳи каталонӣ метавонад бо дилхоҳ бозингари худ хайр бигӯяд,агар чизе дуруст наояд. Шахсияти Месси бошад барои бошгоҳи арзиши бузурге дорадва оне,ки Гризманн бо хислати худ бо Месси дуруст наомад, бемуҳобо метавонад бо бозии норушани фаронсавӣ омехта намуд. Ҳолатеро, ки бо Коутинйо рух дода буд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив