LIVE

Муноқишаи лафзӣ байни "Атлетико" ва "Барселона"

Бошгоҳи “Атлетико Мадрид” дар сомонааш моҷароҳои гузариши ҳамлавари даста Антуан Гризманнро ба “Барселона” чунин шарҳ додааст.
“Санаи 14-уми май Гризманн ба хулосае омада буд, ки дар анҷоми мавсим бошгоҳи “Атлетико Мадрид”-ро тарк мекунад. Баъд аз якчанд рӯз мо фаҳмидем, ки “Барселона” ва Гризманн ҳанӯз дар моҳи март қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонида буданд. Дирӯз, вохӯрӣ байни намояндагони “Атлетико Мадрид” ва “Барселона” дар бобати гузариши Гризманн ба ҳайати “нилунориҳо” доир шуд. Дар вохӯрӣ қайд гардид, ки “Барселона” омода аст, ки барои харидории Гризманн 120 млн евро пардохт намояд. “Атлетико” бо сабаби беҳурматии “Барселона” ва Гризманн нисбати даста ва мухлисонаш ба пешниҳоди “нилунориҳо” ҷавоби манфӣ гардонид.
Имрӯз, “Атлетико” ба диққати Гризманн ва агенти ӯ мерасонад, ки даста аз фикри фурӯхтани ӯ даст кашидааст ва хоҳиш дорад, ки омодагии худро дида ҳафтаи оянда ба тамринҳои асосии даста пайваст шавад. “Атлетико Мадрид” мехоҳад ба диққати “Барселона” расонад, ки амали анҷомдодаи онҳо нисбати бозигари фаронсавӣ на танҳо шартномаи байни ду даста балки қонуну қоидаи футболро вайрон мекунад”.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив