Тибқи иттиллои сомонаи расмии El Mundo Deportivo роҳбарияти “нилунориҳо” барои харидории Антуан Гризманн расман шуруъ намудааст. Бо маълумоти сарчашма, футболбози 28 солаи фаронсавӣ имрӯз ё фардо ба таври расмӣ футболбози “Барселона” шуда, рӯзи 11-уми июл дар варзишгоҳи “Камп Ноу” муаррифии ӯ дар назди мухлисон баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки “Барселона” барои харидории Гризманн ба “Атлетико Мадрид” аз 100 то 120 млн евро пардохт мекунад.