LIVE

Гризманн кай ба “Барселона” гузариш мекунад?

Гузариши қаҳрамони ҷаҳон-2018 Антуан Гризманн ба “Барселона” анҷом ёфт. Танҳо корҳои расмият мондааст онҳам рузи 1-уми июл дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки шартномаи Гризманн бо бошгоҳи “Атлетико Мадрид” то санаи 1-июли соли ҷорӣ амал мекунад. Аммо худи бозигар дар анҷоми мавсим аз тарк намудани дастааш хабар дода буд. Сару садоҳо оиди гузариши бозигари фаронсавӣ ба бошгоҳи “Барселона” ниҳоят ба нуқтаи ниҳоӣ наздик аст. Тибқи маълумотҳо “Барселона” барои харидории ин бозигар 120 миллион евро бо ҷамъӣ иловапулӣ ба нақша гирифтааст. Дар мавсими имсолаи Ла Лига Испания Гризманн дар ҳайати бошгоҳи “Атлетико” 37 вохӯри гузаронида, ба задани 15 гол ва 9 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив