LIVE

«Ал-Ҳилол» аз Россия бозигар харидорӣ мекунад

«Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудӣ бо «Зенит»-и Санкт-Петербург дар мавриди гузариши Малком ба мувофиқа расидааст, иттилоъ медиҳад Ariyadhiah.
Тибқи иттилоъи сарчашма «Ал-Ҳилол» ба ҷониби «Зенит» пешниҳоди истисноӣ оиди харидории бозигар кардааст. Ин ҳафта Малком пеш аз имзокунии шартнома бо тими саудӣ аз муоинаи тиббӣ мегузарад. 
Малком ба сафи «Зенит» тобистони соли 2019  аз «Барселона»-и испанӣ гузариш намуда, тобистони соли 2022-юм бо тими петербургӣ шартномаи нави дарозмуддат имзо кард. Дар сафи «Зенит» бозигари бразилӣ қаҳрамони чоркаратаи Россия гардида, ҳамчунин як маротибаи дигар Ҷоми Россия ва се маротиба Суперҷоми ин кишварро баранда шудааст. Зимистони соли 2023 Малком шаҳрвандии Россия гирифта буд.
Дар мавсими-2022/2023 Малком беҳтарин нишонзани   Премер-Лигаи Россия эълон гардид. Дар 27 бозиҳои  тимаш ӯ бо 23 гол ва ҳафт партофти голӣ аз майдон берун шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив