LIVE

Ҳаҷми маоши бозигари тоҷиктабор дар чемпионати Фаронса маълум шуд

Далер Кузяев дар тими фаронсавии «Гавр» солона қариб   350 ҳазор евро ба даст меорад. Дар ин бора нашрияи Sport24.ru иттилоъ медиҳад.
Нимҳимоягари тоҷиктабори мунтахаби Россия ба сафи дастаи Лигаи 1-ум баъди анҷоми мӯҳлати шартнома бо  «Зенит» чун футболбози озод гузариш намуда буд.
Иттилоъ дода мешуд, ки дар «Зенит» Кузяев гаронмуздтарин футболбоз миёни россиягиҳо буда, солона бидуни баҳисобгирии иловапулиҳо 1,8 млн евро ба даст меовард.
Дар мавсими қаблӣ Далер Кузяев дар сафи «Зенит» 35 бозӣ гузаронида, муаллифи 5 голу 7 ассист гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив