LIVE

Футболбози тоҷиктабор- гаронмуздтарин бозигари «Зенит»

Гаронмуздтарин футболбози россиягии «Зенит»-и Санкт-Петербург нимҳимоягар Далер Кузяев мебошад. Дар ин бора нашрияи «Спорт день за днём» иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилоъ сарчашма нимҳимоягар дар сафи «Зенит»  ҳарсола 1,8 млн евро ба даст меорад.
Қобили қайд аст, ки мӯҳлати шартномаи Кузяев бо тими петербургӣ аллакай рӯзи 30-юми июн анҷом меёбад. Аз рӯи маълумоти ВАО-и туркӣ нимҳимоягар эҳтимолан чун футболбози озод ба сафи «Бешиктош» гузариш мекунад. Бино ба маълумоти охирин Кузяев мехоҳад, ки дар  Туркия маоши баробар ба маоши корӣ дар «Зенит» дошта бошад.
Дар мавсими қаблӣ Кузяеви 30-сола дар сафи «Зенит» 35 бозӣ гузаронида, панҷ голу ҳафт партофти голӣ ба омор гирифтааст.
Ҳамчунин маълум гардид, ки ҳамлавари «Зенит» Малком дар сафи дастаи петербургӣ солона  3,5 млн маош мегирад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив