LIVE

Футболбози тоҷиктабор бо “Марсел” қарордод мебандад

Нимҳимоятгари бошгоҳи «Зенит» - Далер Кузяев имкон дорад, ки корномаи касбии худро дар Лигаи 1-уми Фаронса идома диҳад. Дар ин бора L'Equipe хабар дод. 
Бино ба иттилои манбаъ бошгоҳи “Марсел” ба футболбози 27 солаи тоҷиктабор тавваҷуҳ дорад. Гузариши Кузяевро ба ин тим шахсан сармураббии дастаи фаронсавӣ - Андре Виллаш-Боаш, ки  солҳои  2014 - 2016 тими «Зенит» - ро роҳбарӣ намудааст, хостгор гардидааст. Ҳамчунин “Хоффенхайм” ва “Валенсия” низ ба Кузяев таваҷҷӯҳ зоҳир доранд. Шартномаи Кузяев охири моҳи ҷорӣ ба поён мерасад ва ҷонибҳо барои тамдиди шартнома ба мувофиқа нарасиданд. Ҳамзамон Далер мақсад дорад, ки корномаи варзишии худро идома диҳад. Ӯ имкон дорад ба ҳайати “Марсел” ҳамчун агенти озод ҳамроҳ шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив