LIVE

Доннарумма дар "Милан" бозӣ кардан намехоҳад

Дарвозабони бошгоҳи "Милан" - Ҷанлуиҷи Доннарумма имкон дорад, ки корномаи варзишиашро дар Англия идома диҳад, хабар медиҳад AS.
Тибқи иттилои манбаъ бо дарвозабони 21 сола дастаҳои "Манчестер Сити", "Манчестер Юнайтед" ва "Эвертон" созишнома бастан мехоҳанд. Қаблан дар трансфери гузашта ба дарвозабони мазкур дастаҳои "Ювентус" ва "ПСЖ" таваҷҷуҳ доштанд. Мувофиқи фарзияи Transfermarkt нархи Доннарумма 55 млн € муайян гардидааст.
Қарордоди Доннарумма бо бошгоҳи "Милан"-и шаҳри Милан то 30-юми июни соли 2021 эътибор дорад ва дарвозабон азми рафтан аз тими худро дорад. 
Агар "Милан" тобистон Доннаруммаро фурӯхта натавонад, пас соли оянда ӯ ҳамчун бозигари озод бо дилхоҳ тим қарордод мебандад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив