LIVE

«Ювентус» Ван Дейкро мехоҳад

Дифоъгарӣ «Ливерпул» - Вирджил Ван Дейк имкон дорад, ки корномаи варзишии худро дар тими туринии «Ювентус» идома диҳад. Дар ин бора SunSport хабар дод. Ба иттилои сарчашма бошгоҳи итолиёвӣ омодааст, ки ба «Ливерпул» барои ин футболбози мунтахабаи Нидерландия 150 млн фунт   ё худ 180 млн евро пардохт намояд. Вирджил Ван Дейк дар ҳайати ливерпулиҳо ғолиби Лигаи чемпионҳо, Суперҷоми УЕФА ва чемпионати ҷаҳон байни бошгоҳҳои футбол гардидааст. Дар мавсими ҷорӣ бошад, имкон дорад, ки қаҳрамони Премйер-лигаи Англия гардад. Ҷониби дастаи англисӣ роҷеъ ба ин пешниҳод то ба ҳол чизе нагуфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив